Увага! Всі конференції починаючи з 2014 року публікуються на новому сайті: conferences.neasmo.org.ua
Наукові конференції
 

БАЪЗЕ ПАҲЛЎҲОИ ПРАГМАТИКИИ РАФТОРИ МУОШИРАТИ ТОЧИКОНИ САМАРҚАНД

Автор: 
Абдувахоб Вахидов (Самарканд, Узбекистон)

Чараёни нутқ дар лаҳча нисбатан озодтар амал мекунад. Дар он назокату ҳусни забони халқ содда, вале ҳамон андоза зебову муассир ва образноктар ифода меёбад ва робитаи мустаҳками  тафаккуру нутқ дар такаллуми лаҳчавй барчаста, чолиб, равшан ва возеҳ падид меоянд. Мусоҳиб мувофиқи вазъият ва матлаб дар мавриди муошират воситаҳои нутқро  барои ифодаи  воқеияти фикр озодона дар ҳар ранг қобили истифода мегардонад. Ин нукта бевосита ба нутқи муколамавии точикони Самарқанд низ  мансубият дорад. Рафтори муколамавии точикони Самарқанд бо махсусияти мушаххасоти лаҳчавй аз намояндагони дигар миллатҳо ва бошандагони манотиқи дигар як андоза тафовут  доранд. Аз ин боис, барои равшантару возеҳтар  ифода намудани ин мушаххасот паҳлўҳои прагматикии рафтори муколамавии эшонро аз дидгоҳи тадқиқ баррасй намудан бамаврид аст.

         Нутқи муколамавй, ҳарчанд табиати умумй дорад, аммо тибқи муносибати мусоҳиб сурат мегирад ва ин чараёни гуфтор бо рафтори мушаххаси вазъй комилан баррасй мегардад. Дар ин маврид воситаи дастгоҳи муносибатҳои муколамавй тавассути маводи муошират, яъне калима, ибора, чумла ва ифодаҳои рехта (воҳидҳои фразеологй, зарбулмасал ва мақолҳо) арзёб мегарданд. Тибқи хосияти прагматикй дар аксарият ҳолат воситаҳои муколама аз доираи ифодаҳои муқаррарй берун омада, воқеатан тобиши мазмуни ғайримустақим пайдо мекунанд ва филфавр бархўрди мавриди такаллум мешаванд, ки матлаби асосии мусоҳиб ҳам дар ҳамин аст. Ў (яъне мусоҳиб) дар чараёни нутқ кўшиш мекунад, ки суханаш аз будаш зиёдтар, чозибтар, образноктар барояд.

         Инак, ин ҳодисотро дар рафтори муколамавии точикони Самарқанд чунин мушохида хоҳем кард:

         Дар Самарқанд калимаи «ака» одатан дар оила нисбат ба бародари калонй гуфта мешавад.. Чун: «Ака шумо корда надидет-мй?».

         Аммо берун аз доираи оила он маъниҳои дигарро низ касб мекунад. Чунончи: ҳангоми мурочиат ба шакли нисбатан аз худ калонсол ва ё ношиноси соҳибсол низ калимаи  «ака»-ро кор мебаранд. «Ака, соататон ҳаст-мй?», «Ака, Шумо а ҳамичамй?» Ҳамчунин ин калима пас аз номҳои мардонаи нисбат ба гўянда калонсол ҳамроҳ шуда, дар шаклҳои Толиб-ака, Зоҳир-ака, Тоҳир-ака ва ғайра истеъмол мегарадад. Дар чараёнҳои нутқ ин калима вобаста ба вазъият  тобишҳои  экспрессивй низ мегирад ва чун калимаи хосса мавриди истифода қарор мегирад. Масалан, дар Самақанд нисбати шахсҳои вазифадор, ки ҳарчанд солашон хурд аст,  калимаи «ака»-ро барои  ифодаи ҳурмату эҳтиром, самимият истифода мекунанд:

-Канй, ака марҳамат, а боло гузаред. Ва ё дар ҳамин сурат ба номи  меҳмони олиқадр калимаи «ака» ҳамроҳ карда мешавад:-Баҳодур-ака, канй, а боло шинед, канй, марҳамат.

         Зуҳури тобишҳои экспрессивии хушомадгўй, лаганбардорй, тарсу мансубият аз касе ва ғайра боиси ба калима «ака»  васл гаштани суффикси навозиши «чон»  мегардад, зеро вазъи гуфтор, ҳаракатҳои паралингвистй, ки пайваста бо чараёни нутқ воқеъ мегарданд, важоҳияти  муколамаро бало бардошта, чараёни рафтори мусоҳибро пурқувват мегардонанд:

а) хушомадгўй, лаганбардорй: Марҳамат, акачон, якта айин чой гифта истед. Мебахшед, акачон, кастуматонба пахта часпидас, бемалол бошад, ҳамуна гифта монам.

         Рафтори гўянда пайваста  бо корбурди калимаи «акачон» бо амалу ҳолатҳои паралингвистй (дасти чапро ба рўи сина гузаштан, андаке ҳам шудан, лабханди сохта кардан) сурат мегирад. Аммо вобаста ба дарачаю вазъияти гўянда дар тарсу мансубият ба касе ин чараён як андоза ранги дигар мегирад:

б) Тарсу мансубияти муваққатй: Ин чараёни муколама одатан байни гўянда ва шахси амлокдор ба вуқўъ меояд. Масалан; ҳангоми мурочиат ба ходими ГАИ, ки мусоҳибро чун вайронкунандаи қоиадаи роҳ чазо доданист, мурочиаткунанда бо калимаҳои «акачон», «чон, акачон», «мебахшед», «надида мондем» ва ҳаракатҳои паралингвистии «ду даст ба рўи сина гузоштан, андаке сар хам намудан, лабханди нопурра кардан». Вазъияти воқей  водор месозад,ки  суханҳои ў ба шунаванда таъсири комил расонад.

в) тарсу мансубияти фосилавй: Дар ин навъи вазъият гўянда вайронкунандаи кодекси чиной буда, мурочиати ў ба муфаттиш як андоза бо ваҳму тарс чараён мегирад. Пайваста бо корбасти калимаи  «акачон», ў ифодаҳои «балотона гирам», «ҳузури бачоотона бинед», «раҳматон биёд» ва ғайра кор мебарад. Амалу ҳолати паралингвистй (дасти чап сари сина гузаштан, сар фуруд овардан, сар чунбонидан, чашм ба гиря омода сохтан, ғамгин будан, абрў дарҳам кашидан ва ғайра) шиддатноктар аст. 

         «Акачон, чон акачон, балотона гирам, ҳузури бачоотона бинед, раҳматон биёд, ман ин кора нафамида кадагй».

         Дар як маврид ба чои калимаи «ака» ё «акачон» калимаи «бобо» қабили истифода карор мегирад. Калимаи мазкур одатан нисбат ба пиронсол кор фармуда мешавад. Аммо вобаста ба шароити муколамавй он нисбат ба шахсони сохибвазифа, амлокдор баррасй мегардад ва пас аз калимахои  ҳоким,раис ва гайра истифода бурда мешавад , ҳарчанд  синну соли ў миёнасол аст:

         «Ҳокимбоо, ҳамучая ҳисоби гузарба медодет, чо кори маъқул мушудуд-дия». «Раисбобо, корамоя хал када медодед,чудо миннадор мушудем-дия.”

         Калимаи «ойтй» низ чун «ака» ба ғайр аз маънии аслй, инчунин вобаста ба вазъияти гуфтор тобишҳои маъноии нав касб мекунад. Дар он сурат калима ба худ замимаи «мулло»-ро мегирад, ки он одатан нисбати шахсони соҳибмаълумот, обрўманд, соҳибвазифа, амлокдор ва ғайра кор бурда мешавад:

а) Ҳурмату эҳтиром ва самимият: «Ойтимулло, нағзакак гаштед-мй? Бачеко нағз-мй?»

б) хушомадгўй, лаганбардорй: О, дардакатона гирам, манба намегўет-мй ина. Ойтимулло, даррав худам вая яктарафа мекадам. (Бо ҳаракати паралингвистй).

в) Тарсу мансубияти: Дар ин вазъият ба ғайр калимаи «ойтимулло» «ойтичон» низ кор меояд. Ҳаминро низ бояд гуфт, ки дар мурочиат ба зани ўзбек бештар мувозаи ўзбекии он «опачон» мавриди истифода қарор меёбад: (Албатта, бо ҳаракатҳои паралингвистй) «Ойтимулло (ойтичон), мани як камбағала азоб натет, чон, ойти чон, гашта ин корама намукунам. «Опачон, сиздан ўтиниб сўрайман, шуни ҳал қилиб берсангиз. бошқа бунақа ишларига қўл урганим шу бўсин».

 

 Дар оила мурочиат нисбат ба хоҳари калонй, дар куча мурочиат нисбат ба зани  нисбатан  калонсол  ва хамчунин ба зани ношиноси миёнасол истифода бурда мешавад.

г) вазифадорй ва ҳурмату эҳтиром: Дар Самарқанд нисбат ба занхои сохибвазифа бо калимаи «ойтимулло» мурочиат карда мешавад, ҳарчанд  гўянда калонсол аст. «Ойтимулло, охи кайба газ мушут, бачоо азоп кашидан-ку».

         Дар забони бошандагони Самарқанд инчунин як гурўҳ калимаҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳангоми корбаст дар нутқи шифохй тобишҳои манфй пайдо мекунанд.

         Калимаи «бале» дар маънй ҳамрадифи офарин, аҳсант буда, одатан ба маънихои миннатдорй ва ташаккур кобили истифода карор мегирад.Аммо дар холатхои вазьй,ки ин калима тобиши манфй мегирад, маьнихои истеҳзо, норизой ва тамасхрро соҳиб мегардад: Ҳаминро бояд илова намуд, ки дар ин сурат калима бо шиддат, бо ҳаракати  сар моил ба ифодаи тасдиқ ифода мегардад: «Бале, қандата зан! Акун моон пеши вайоба чй гуфта мерем, сарамоя хам када мондй-ку».

         Ҳамин чараёнро дар калимаҳои «баракалло», «раҳмат» низ мушоҳида намудан мумкин аст:

         «Раҳмат! Ин баройи ҳамун хизмато-дия!»

         «Баракалло! Ман а ту ина умет каагй набудам. Нахот ки бад аз ҳами қата нағзийо ту бо вая пулаша натийи» 

         Калимаи «лаббай» дар забони точикй маъниҳои посухии «ҳа», саволии «чй?»-ро соҳиб буда, дар нутқ дар мавридҳои зарурй кор бурда мешавад. Аммо дар маънии тамасхўр, истеҳзо вай як андоза тобиши дигар гирифта, акси маънии аввалро ифода мекунад:

«Лаббай, тасаддуқ! Бо ягон гапатон ҳас-мй? Ин қата а худатон рафтет. Осмонба буромдагй бошет-ам, камтар пасба фуроет».

Дар калимаи «ҳозир» ва ибораи «чудо нагз» мо тобишҳои маъноии болоиро низ мушоҳида мекунем.

«Ҳозир-дия! Дига ҳиччия намехоет-мй? А оспон ситорая биёрам-чй».

«Чудо нағз шудас! Тааби дили ман шудас-дия. Ман вайба чан марта гуфтудам, ки кўчаба нушида мошина ҳай накун. Мана, ахир дасти милисаба афтидас-дия».

Нутқи шифоҳии мусоҳибавй тибқи  назардошти прагматикй қолабҳои гуфториро низ созмон медиҳад, ки аз рўи  вазъияти муошират   ба забон меояд.

«Шумоба кори усто маақул –мй? Анча меҳнат каагй».

«Тохир-акая саводашон сус мўгўн, рос-мй? Дута инстута тамом каагй»

Чй тавре ки аз мисолҳо бармеояд,  мусоҳиб ба чои чавоби муқаррарии «не» ва «ҳа» мувозаҳои образноки онро дар қолаби  истеҳзо ва тамасхур кор мебарад.

Инчунин, чумлаҳои саволиеро истифода мебаранд, ки маънии хоҳиш, дархостро дорост: «Соататон ҳас-мй?» (мақсад пурсиши вақт). «Шаҳарба рафсед-мй?» (мақсад  бо мошинаи сабукрави у то манзиле  савора рафтан ).

Аз унсурҳои маҳсули афкори мардумй, ки бештар воҳидҳои фразеологй ва зарбулмасалу мақолҳоанд, аҳли муколама чун маводи тайёри забон мувофиқи вазъияти гуфтугў фаровон истифода мебаранд. Дар Самарқанд одатан занҳо барои ифодаҳои эвфемистй оиди ҳомила шудани зан воҳидҳои  «маҳаш нав шудагй (келини ун каса маҳаш нав шудас-дия ), «почеш вазбин шудагй» (Ахир духтари Раънохолая почеш вазбин шудас-дия) ва барои  пардохти таваллуди зан ибораҳои фразеологии «чашм рўшан шудан», (Имрўз келинашона чашмаш рўшан шудас), «пой сабук шудан» (хайриятэ, бачема почеш савук шудас. Ҳозир шўш тилифонкаа гуф), «халос хўрдан» (Ҳамун келинчак имшаб палатба анча бардорузан кад. Бечора азоп кашид. Хайрият халос хўрдас) ва ғайраҳоро кор мефармоянд.

Дар муошират самарқандиён инчунин аз зарбулмасалу  мақолҳо хеле устодона истифода мебаранд. Чунони: «Аввал чи будй, ки лунчат варам кад» «О, вай занак а пеш савукпо бут. Имрўзба омада, акун ганда шуден-мй? «Аввал чй будй, ки лунчат варам кад».

«Бе шамол шохи дарах намучумат»

«Чува вай милиса туя кофта омад. Туям ҳамуно кати қатй буди-мй? Яг гап набошад, вай инча намибиет. «То шамол набошат, шохи дарах намучумат».

         Мисолҳо собит менамоянд, ки рафтори муколамавии точикони Самарқанд аз воситаҳои баени прагматикй сершоранд ва он чизе иброз ёфт, қатрае аз баҳрест, ки тадқиқи амиқро тақозо дорад.